01:34 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
18211

Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба унвони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия номаи табрикотӣ равон кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дар барқияи табрикотӣ аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Президент,

Ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозам ба Шумо табрикоти худро изҳор намоям.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ҳарду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард.

Дар ин масир бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дусту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ саломативу хушбахтӣ орзу намуда, таманниёти беҳтаринамро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам".

Мавзуъ

Эрдуғон хостори ворид шудани Туркия ба СҲШ шуд
Эрдуғон: мо мехоҳем муносиботамонро бо халқи бародар рушд диҳем
Эрдуғон нигарон аст, ки СММ мушкилиҳои олами мусалмониро ҳал намекунад
Барчаспҳо:
муносибатҳои дуҷониба, номаи шодбошӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ