10:54 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи Қатар. Акс аз бойгонӣ

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар

© Фото: Хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
12511

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба давлати Қатар рафт

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз бо сафари корӣ ба давлати Қатар сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Манбаъ меафзояд, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, Вазирони рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, нақлиёт, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раис ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ки ин дуюмин сафари расмии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар буда, бо даъвати расмии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ анҷом дода мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардид.

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифта.

Собиқ амири давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба кишварамон мебошад.

Пояи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро санадҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ташкил медиҳад ва барои таҳкими ҳамкории дуҷониба бастаи лоиҳаҳои санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва самтҳои дигари робитаҳои иқтисодӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Мавзуъ

Қатар мехоҳад, дар Тоҷикистон бунёдҳои сармоягузории худро дошта бошад
Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба Қатар рафт
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Қатар

Мавзӯъҳои асосӣ