14:02 18 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.88
  • RUB0.14
Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Таъини Р.Эмомалӣ ба ҳайси мири шаҳри Душанбе нақзи қонун нест

© Flickr/ Сайт президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
15501

Қонунгузории Тоҷикистон зимни ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе интихоб гардидани писари президенти ҶТ вайрон нашудааст, изҳор дошт раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов ба рӯзноманигорон

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Зимни интихоби Рустами Эмомалӣ ба ҳайси шаҳрдори Душанбе, қонунгузории Тоҷикистон вайрон нашудааст, менависад РИА Новости  аз қавли раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Думъа Давлатов.

Рустами Эмомалӣ санаи 12-уми январи соли 2017 ба ҷои Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид.

"Таъини Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе нақзи ягон қонун набуда, идомаи сиёсати дастгирии кадрҳои ҷавон дар вазифаҳои давлатӣ, мебошад",-гуфт Давлатов ва илова намуд, ки "ҳеҷ кас наметавонад ба фарзандони президент ишғоли вазифаҳои давлатиро манъ намояд".

Раиси Агентӣ хабар дод, ки раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ бевосита ба сарвазири мамлакат ҳисобот медиҳанд.

Ӯ ёдовар шуд, ки Рустами Эмомалӣ соҳиби се дипломи олии макотиби Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мебошад.

"Рӯзҳои аввали корӣ дар ҷои нав ӯ исбот кард, ки аз ӯҳдаи вазифаҳои худ мебарояд. Дар давраи роҳбарии Оҷонсии зидди фасод низ нисбати кори ӯ ягон шикоят набуд",-хулоса кард Давлатов.

Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
© Sputnik Victoria Lyubavina
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Барчаспҳо:
таъини раиси шаҳри Душанбе, нақзи қонун, Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ