14:01 18 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.88
  • RUB0.14
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  Маҷлиси Шӯрои Қатар Муҳаммад ибн Муборак

Молоқоти Раҳмон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар: Тоҷикистон назари нек дорад

© Саҳифаи хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
5211

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар Муҳаммад ибни Муборак мулоқот намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Ҷониби Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ бо Қатар назари нек дорад ва ҳамкории судманди байнипарламентиро василаи таҳкими робитаҳои дуҷониба медонад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сӯҳбат бо раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатарро густариш медиҳанд.

Мавзӯи амният, мубориза бо терроризму экстримизм яке аз мавзӯъҳои дигари гуфтушуниди сиёсатмадорон гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд, гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад низ, вохӯрӣ доир намуда, масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баррасӣ кард.

Ҷонибҳо оиди ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қатар ба мувофиқа расида, ҳашт созишномаи дигарро имзо карданд.

Барчаспҳо:
гуфтушунид, ҳамкорӣ, парлумон, Эмомалӣ Раҳмон, Қатар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ