09:32 18 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон (17)
6102

Президенти Русия сараввал ба Алмато, баъд ба Душанбе ва баъд аз он ба Бишкек сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik, Мария Шелудякова. Сафари президенти Русия ба Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аз 27-ум то 28-уми феврал давом меёбад, хабар дод ёрдамчии президент Юрий Ушков.

Асосан ин ташрифи президент бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ин се давлат сурат хоҳад гирифт.

Сараввал, 27-уми феврал Владимир Путин ба Қазоқистон парвоз карда, бо Нурсултон Назарбоев ҳамсӯҳбат мешавад. Тарафҳо дар бораи муносибатҳои байни кишварҳояшон ва мушкилоти ҷаҳонӣ сӯҳбат хоҳанд кард. Масъалаи сулҳ дар Сурия яке аз мавзӯъҳои асосии вохӯрӣ мегардад.

Дарҳол, баъд аз вохӯр бо раисҷумҳури Қазоқистон  Путин ба Душанбе роҳ мегирад. Дар вохӯрӣ дар доираи маҳдуд бо Эмомалӣ Раҳмон  сарони кишварҳо муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар тӯли 25 сол баррасӣ мекунанд ва интизор меравад, ки чанд ҳуҷҷати муҳим ба имзо расад.

Саҳарии сешанбе, 28-уми феврал президенти Русия аз Тоҷикистон ба Бишкек бар мегардад ва бо Алмосбек Отамбоев сӯҳбат мекунад.

Тоҷикистова Русия ҳамеша дар муколамаи сиёсӣ қарор доранд. Танҳо соли 2016 Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба тариқи телефон сӯҳбат карданд ва моҳи октябри соли гузашта раиси шӯрои олии Русия Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Мавзуҳо:
Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон (17)
Барчаспҳо:
муносибат, гуфтушунид, ҳамкорӣ, сафар, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ