Шоҳзода Карим Оқохони IV аз Маскав боздид мекунад

© Foto / Aga Khan Development NetworkШоҳзода Карим Оқохони IV, акс аз бойгонӣ
Шоҳзода Карим Оқохони IV, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оқохони IV 19 - 20 апрел ба Маскав сафар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳафтаи оянда раҳбари исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оқохони IV бо сафаре дурӯза Маскав хоҳад омад.

Ин хабарро коршиноси масоъили Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, мудири Маркази мутолеъоти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Семён Багдасаров эълом кард.

Вай ҳангоми суханронӣ дар барномаи "Шом ҳамроҳ бо Владимир Соловёв", ки дар он коршиносон буҳрони Сурия ва ҳамлаи мушакии Амрико бар фурудгоҳи суриро баррасиву таҳлил мекарданд, гуфт, ки пешвои исмоилиёни ҷаҳон 19 — 20 апрел аз Маскав боздид хоҳад кард.

"Мо бояд ба фикри таҳкими бисёр ҷиддии ҳузури низомии худ дар Сурия аз роҳи ҳамкорӣ бо муттаҳидонамон ва пайдо кардани муттаҳидони нав дар Сурия бошем. Чунончи, 19 — 20 апрел раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV Маскав меояд, ки охирин бор соли 2003 омада буд", — эълом кард Багдасаров дар ин барнома, ки аз шабакаи "Россия" пахш мешавад.

Ин таҳлилгари умури сиёсӣ ёдоварӣ кард, ки дар Сурия камубеш 500 ҳазор исмоилӣ ба сар мебаранд. Эҳтимолан, далели сафари шоҳзода Карим Оқохони IV ба Маскав баррасии буҳрони Сурия бо раҳбарони Русия аст. Боре, дар вебгоҳи расмии шоҳзода Карим Оқохони IV дар ин бора матлабе мунташир нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0