10:03 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
10502

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармондеҳи Ситоди Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико артишбад Ҷозеф Вотел дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва артишбад Ҷозеф Вотел дар ин дидор вазъу дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико дар заминаҳои низомӣ ва саноъеи низомиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, тарафҳо аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон ва Амрико дар чорчӯби барномаҳои «Пуштибонии байнулмилалии молӣ», «Ибтикори ҷаҳонии сулҳофарӣ», «Омӯзиши низомӣ», «Мубориза бо теруризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии пайкоромӯзӣ бо теруризм ва қочоқи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Раисҷумҳур Раҳмон ва артишбад Вотел ҳамчунин бар густариши ҳамкориҳо аз барои афзудани тавону имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон таъкид карданд.

Мавзуъ

“Ба манфиати мардум”: умеди Э. Раҳмон аз рушди ҳамкориҳо бо Муғулистон
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Украина барқияи табрикотӣ ирсол кард
Барчаспҳо:
марзбонӣ, ҳамкорӣ, Ситоди Фармондеҳии марказии ИМА, Ҷозеф Вотел, Раҳмон, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ