06:59 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Шукурҷон Зуҳуров, акс аз бойгонӣ

Маҷлис қонунгузорӣ дар заминаи фасодзудоӣ ва хидмати низомиро ислоҳ кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
24601

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи худ қонунгузории кишвар дар заминаи хидмати низомӣ ва мубориза бо фасодро ислоҳ кард

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки имрӯз ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, тарҳи ислоҳи ду қонун баррасӣ ва тасвиб карда шуд.

Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагон, дар ин ҷаласа нахуст тарҳи "Қонун дар бораи хидмати алтернативӣ"-ро баррасӣ шуд, ки онро Вазорати дифоъ таҳия карда ва раҳбари ин ниҳод Шералӣ Мирзо онро ба Маҷлис пешниҳод кардааст. Ин тарҳ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлис баррасӣ шуд ва намояндагон онро тасвиб карданд.

Масъалаи дигаре, ки дар рӯзномаи иҷлосия қарор дошт,  пешниҳоди тарҳи ислоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди фасод" буд. Ин тарҳро мудири Ожонси мубориза бо фасод Сулаймон Султонзода муаррифӣ кард. Он низ дар кумитаҳои маҷлис баррасӣ ва тасвиб шуд.

Барчаспҳо:
пешниҳоди тарҳи нави қонун, иҷлосия, Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ