02:46 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
11530

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи президент-сарвазири Корея Хван Гё Ан ба муносибати 25-умин солгарди ҳамкориҳои сиёсӣ номаи табрикотӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар номаи шодбошӣ Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бештари муносиботи байни ду кишвар изҳори омодагӣ кардааст.

Дар номаи табрикотии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

"Ҷаноби Олӣ, 

Биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ бароям фурсати фараҳбахшеро фароҳам овардааст, то ба шумо  табрикоту таманниёти неки хешро ирсол намоям.

Чоряк аср қабл, 27 апрели соли 1992 кишварҳои мо муносибатҳои байнидавлатиашонро дар шакли сифатан нав ҳусни оғоз бахшиданд. 

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра ҳамшарикии кишварҳои мо  арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд. 

Ҷониби Тоҷикистон хоҳони таҳкими ин раванд мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни ду кишвар омода аст, ки дар оянда низ кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳад.

Бо таҷдиди  шодбошҳои хеш  ба ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу  саодатмандӣ  ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Куреи Ҷанубӣ  пешрафту шукуфоӣ орзумандам".

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Украина барқияи табрикотӣ ирсол кард
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Хван Гё Ан, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ