03:05 21 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Э. Раҳмон Белгияро яке аз аввалин эътирофгарони истиқлоли Тоҷикистон хонд

© Фото: Пресс служба Президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
5212

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Белгия номаи табрикотӣ ирсол намуда, дар он ин кишварро яке аз аввалин эътирофгарои истиқлоли Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба подшоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни ду кишвар номаи шодбошӣ ирсол намуд.

Дар барқияи табрикотӣ омадааст:

"Аълоҳазрат, дар иртибот ба марҳалаи муҳимми таърихӣ дар муносиботи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия — 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ — бо камоли хушӣ ба Шумо, Аълоҳазрат, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол менамоям.

Подшоҳии Белгия дар байни давлатҳои аврупоӣ яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва кишварҳои мо ба таҳкиму густариши равобити сифатан нави байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Белгия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ бемайлон рушд намуданд.

Дар дурнамои наздик ва дарозмуддат густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Подшоҳии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузор ва муҳимми Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.

Ба Шумо Аълоҳазрат, саломатии комилу хушрӯзӣ ва дар роҳи таъмини пешрафт ва шукуфоии мардуми дӯсти Белгия комёбиҳои рӯзафзун орзумандам".

Мавзуъ

ИА аз Брюссел ҷонибдорӣ мекунад- парчами Белгия дар саросари Аврупо
Шумораи қурбониён дар Белгия то 21 нафар расид
Барчаспҳо:
номаи табрикотӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Белгия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ