22:22 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
2 мая 2017. Президент РФ Владимир Путин и федеральный канцлер ФРГ Ангела Меркель во время встречи.

Владимир Путин ва Ангела Меркел дар Сочӣ авзоъи ҷаҳонро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
3911

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва нахуствазири Олмон Ангела Меркел имрӯз дар шаҳри бандарии Сочӣ дидор мекунанд

ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Қарор аст дар ин дидор раҳбарони Русия ва Олмон муҳимтарин масоъили сиёсати ҷаҳонро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари Ангела Меркел ба Русия дар чорчӯби барномаҳои омодасозии нишасти сарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" сурат мегирад, ки қарор аст моҳи июл дар Ҳамбург баргузор шавад.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Русия, сарони ду кишвар вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Олмон дар заминаҳои энержӣ, иқтисодиву бозаргонӣ ва фарҳангиву башариро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин масоъили калидии байнулмилалӣ, аз он ҷумла мубориза бо теруризм, вазъ дар Сурия ва Либӣ ва иҷрои тавофуқоти Минск барои ҳалли буҳрони Укроин дар ин дидор матраҳ ва баррасӣ хоҳанд шуд.

Мавзуъ

Путин: ҳушёр шавед, ки Русияро фурӯ набаранд
Путинро дар Бишкек бо гулдаста пешвоз гирифтанд
Путин қарори Назарбоев дар бораи салби шаҳрвандии теруристҳоро тафсир кард
Руҳонӣ ба Путин: ҳамалоти Амрико ба Сурия, танҳо кумак ба теруристҳо буд
Владимир Путин: Русия ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким мебахшад
Барчаспҳо:
бистгона, дидор, Ангела Меркел, Владимир Путин, Олмон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ