23:24 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
59511

Мулоқоти раҳбарони ду кишвари ҳамсоя дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои арабиву мусулмонӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёз баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 22 май- Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ мулоқот карданд.

Дар яке аз наворҳо метавон дид, ки сарони ду кишвар даст ба дасти ҳам нишаста бо ҳам суҳбат доранд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар рафти нишаст бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп низ мулоқот кард.

 

Гуфта мешавад, ки ин дидор дар фазои озод ва дӯстона баргузор шуд. Ҷонибҳо дар рафти мулоқот равобити дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишварро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва дигар сиёсатмадорон дидору гуфтугӯ кард.

Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои мусулмонӣ ва Амрико 21 — 22 май дар пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Дар он раҳбарони 55 кишвар ширкат карданд. Гуфтанист, ки ин ҳамоиши сарони кишварҳо ҳамзамон се нишасти густардаро дар бар дошт — яке нишасти Арабистони Саудӣ ва Амрико, дигаре Шурои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс ва севум нишасти Амрико ва кишварҳои мусулмонӣ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп
Раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Амрико

Дар ин нишаст ҳамчунин намояндагони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, дабири кулли СММ, Маҷмаъи кишварҳои арабӣ, Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии халиҷи Форс ширкат доштанд.

Барчаспҳо:
муносибат, мулоқот, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ