04:33 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
28501

Акнун вазифаи муовини сарвазирро Ҷамшед Кучкаров бар ӯҳда дорад

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Рустам Азимов аз вазифаи муовини аввали сарвазири Узбакистон сабукдӯш шуд.

Бино ба иттилоъи Sputnik Узбакистон Азимов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардидааст.

Мақоми ҷадиди ӯ то ҳол номаълум аст.

Ба ҷои Азимов собиқ муовини аввали вазири молияи Узбакистон, Ҷамшед Кучкаров интихоб шуд.

Замоне, ки Рустам Азимов дар симмати муовини сарвазирӣ буд, баъди "об шудани яхҳо" миёни ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон сафари нахустин ҳайъати расмии Узбакистонро ӯ бар дӯш дошт.

Азимов дар ин сафар бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор карда буд.

Тоҷикистон ҷонибдори беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ бо Узбакистон шуд.

Барчаспҳо:
аз вазифа озод шуд, Рустам Азимов, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ