05:37 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Дабири кулли ООН, Антонио Гутерриш, акс аз бойгонӣ

Дабири кулли СММ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

© Sputnik / Григорий Сысоев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар ҳошияи сафар ба Осиёи Марказӣ рӯзи 12-уми июн аз Тоҷикистон боздид мекунад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории ТаджикТа  бо истинод ба маркази иттилоотии СММ гузориш медиҳад,  дабири кулли СММ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.  Тибқи иттилои манбаъ, Антонио Гутерриш дар Тоҷикистон дар  конфронси рушди устуворона суханронӣ карда, бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмамалӣ Раҳмон мулоқот мекунад.

Дабири кулли СММ, пеш аз сафар ба Тоҷикистон, рӯзҳои 8-9 июн аз Қазоқистон, рӯзи 10 июн аз Узбакистон ва 11 июн аз Қирғизистон боздид хоҳад кард.

Гутерриш ҳамчунин дар Қазоқистон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонхой суханронӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилои манбаъ, дабири кулл баъди сафар ба Тоҷикистон, рӯзи 13 июн вориди кишвари Туркманистон гардида, он ҷо масъалаи мубориза бо теруризмро баррасӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки пештар, Сироҷиддин Аслов- вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк бо Антонио Гутерриш, мулоқот ороста, а аз ӯ даъват намуда буд ба Тоҷикистон сафар намояд.

Антонио Гутерриш аввали соли ҷорӣ ба унвони дабири кулли СММ ба фаъолият оғоз кард.

Барчаспҳо:
боздид, мулоқот, Антонио Гутерриш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ