18:07 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
3910

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар пойтахти Қазоқистон бо раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар ин мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар заминаҳои сиёсат, амният ва иқтисодро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин сарони ду кишвар масоили муҳими ҳамкориҳои марзӣ, ширкат дар иҷрои тарҳҳои хурду бузурги минтақаӣ дар заминаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, энержӣ ва нақлиётро баррасӣ карданд.

Раисҷумҳур Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз ибтикорҳои созандаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ва мавқеъи ин кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ пуштибонӣ намуда, самтҳои ҳамкориро бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст.

Тарафҳо ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои амниятӣ ва посдошти марзи Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ карданд. Мубориза бо теруризму ифротгароии байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳури ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ яке аз масъалаҳои муҳиме буд, ки баррасӣ шуданд.

Барои тақвияти бештари равобити миёни ду кишвар қарор шуд кори комисюни ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ фаъол карда шуда, пайгирии барномаҳои муҳими энержӣ ва зерсохторӣ, аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳан, созмондиҳии намоишгоҳҳо ва сафарҳои мутақобилаи тоҷирону сармоягузорон ба кишварҳои ҳамдигар зарур шуморида шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шонгҳай баррасӣ шуданд.

Барчаспҳо:
мулоқот, Ашраф Ғанӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ