Раисҷумҳур дар Ваҳдат: ширкат дар тӯй ва ифтитоҳи бинои 20-ошёна

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат
Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар чорабиниҳои идона ба 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Ваҳдат гарм истиқбол гирифтанд.

Раисҷумҳур як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор додааст, ки он аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст.

Дар ин ҷо раисҷумҳур дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ширкат карда, ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Пресс-конференция ко Дню национального единства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Оштии тоҷикон намунае коромад барои ҳалли буҳрон дар Сурия аст

Ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки бинои 20 ошёна бо маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонию савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзишии касбу ҳунарҳо ташкил карда мешавад.

Ин бино аз таҳхонаи дуошёна барои 42 адад мошини сабукрав ва ду даромадгоҳ иборат мебошад, ки имкон медиҳад 80 нафар дар ин ҷо бо ҷои кори доимӣ таъмин гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0