11:28 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикстон Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сӯҳбати телефонӣ карда, дар анҷоми сӯҳбат вайро ба Тоҷикистон даъват кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Имрӯз  гуфтугуи раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Сарварони ду кишвар ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои  ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Кишвардори Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳамчунин  ба  масоили мубрами байналмилалӣ ва  минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ,  мубодилаи афкор анҷом доданд. 

"Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд",- гуфта мешавад дар хабар.  

Дар хотимаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар замони барояш муносиб даъват ба амал овард.

Барчаспҳо:
сӯҳбати телефонӣ, Салмон ибни Абдулазиз, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ