03:31 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Вазорати умури хориҷаи Русия иттиҳомоти CNN дар бораи мусаллаҳ кардани "Толибон"-ро дурӯғ хонд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия иддиъои шабакаи телевизюнии амрикоии CNN-ро, ки Маскавро муттаҳам ба мусаллаҳсозии гурӯҳи теруристии "Толибон" карда, дурӯғ донист.

Мария Захарова дар гуфтугӯ бо родюи "Говорит Москва" ин хабари расонаи амрикоиро "пропаганда" хонд.

"Борҳо гуфтаем, ки дар расонаҳои амрикоӣ корзори дужиттилоърасонӣ (дезинформация) роҳандозӣ шуда, ки талош доранд бо интишори иттилоъоти дурӯғу гумроҳкунанда Русияро муттаҳам ба мусаллаҳсозии "Толибон" дар Афғонистон кунанд. CNN дар ин бозии сохторҳои амрикоӣ абзори корозмудаи пропаганда аст", — гуфт вай.

Дирӯз шабакаи телевизюнии CNN аксҳое аз ҷангҷӯёни "Толибон"-ро намоиш дод, ки мусаллаҳ ба туфангҳои таҳоҷумии Калашников ва тактирандозӣ ва тирборҳои сангини беаломат буданд. Дар тавзеҳи ин аксҳо гуфта шуд, ки ҷангҷӯён худ гуфтаанд, ки ин ҷангафзорҳоро аз Русия ба воситаи Эрон ва дар марзи Тоҷикистон дарёфт мекунанд.

Пеш аз ин намояндаи маҷлиси Афғонистон Абдувадуд Паймон ҳам иддиъо карда буд, ки "Толибон" аз Русия силоҳу аслиҳаро дар боргунҷҳое дарёфт мекунанд, ки шабона аз рӯди Панҷ ҷобаҷо мешаванд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар эътироз ба ин иддиъоҳо ба сафири Афғонистон дар Душанбе ёддошт дод. Паймон низ пас аз ин аз Тоҷикистон пӯзиш хост.

Мавзуъ

Мария Захароваро ВВС яке аз сад зани бонуфузи ҷаҳон хонд
Ҳайрати Захарова аз муноқашаи мансабдорони Украина бо забони русӣ
Барчаспҳо:
пропаганда, дезинформация, дужиттилоърасонӣ, Вазорати умури хориҷаи Русия, Толибон, Мария Захарова, Русия-Амрико-Афғонистон-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ