Аз Шаҳритус ба ноҳияи Носири Хусрав: Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон идома дорад

© Пресс служба президента РТЭмомали Рахмон в Кубодиёнском районе Хатлонской области
Эмомали Рахмон в Кубодиёнском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз муқлоқоташ бо мардуми ноҳияи Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрави вилоят сафар кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сафар ба ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Носири Хусрав низ боздид кард.

Бино бар гузориши манбаъ, дар ноҳияи Носири Хусрав Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори бунгоҳҳои кишоварзии "Авазбобо", "Каромат", "Оғобек-2012", "Одилҷон" ва "Каримбобо" ошно шуда, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳия ноҳия низ боздид кард.

Раҳбарони ин бунгоҳҳо ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки 32 ҳектор замин дар ихтиёр дошта ва ба парвариши дарахтони гуногуни мевадиҳанда, ҳамчунин кишти пахта, ғалладона, картошка ва полезӣ машғул ҳастанд. Аз кишти такрории замин ҳосили дилхоҳи кунҷид, ҷуворимакка, мош ва тарбузу харбуза ба даст меоранд. Аз он ки иқлими ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ созгор аст, ҳамасола фаъолияти деҳқонони хоҷагиҳои "Авазбобо", "Каромат", "Оғобек-2012", "Одилҷон" ва "Каримбобо" низ беҳтар гардида, заҳматкашон аз ҳар порча замин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Нашъу намои пахта дар соли ҷорӣ хуб буда, интизор аст, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Кишоварзони ноҳияи Носири Хусрав дар намоишгоҳаон беш аз 50 навъи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полезӣ ва маҳсулоти нониро ба намоиш гузоштанд.

Аз дигар фаровардаҳое, ки дар ин намоишгоҳ гузошта буданд, асали бунгоҳҳои занбӯрпарвари ноҳия буд. Ҳамакнун дар ноҳияи Носири Хусрав 250 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешаванд, ки имсол то кунун аз онҳо 8 тон асали аълосифат ба даст оварда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0