04:52 24 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Нишасти СҲШ дар чин

Покистону Ҳиндустон нахустин бор дар нишасти СҲШ: Эрон чӣ?

© МИД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9010

Дар шаҳри Янчжоуи Чин ҷаласаи Ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг— Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии ВУХ Тоҷикистон, ин нишаст рӯзи 22 август оғоз шудаву то 26 ҳамин моҳ идома хозҳад кард. Барои нахустин бор Покистону Ҳиндустон ҳам чун аъзои комилҳуқуқи СҲШ дар ин нишаст ширкат мекунанд.

Ҳайъати Тоҷикистонро муовини вазири ВУХ Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба корҳои СҲШ – Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ мекунад.

Дар ин нишаст барномаи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Ню Йорк, дар ҳошияи ҷаласаҳои Маҷмаи Умумии СММ дар соли 2017, рафти омодагӣ ба баргузор намудани ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар соли 2017 ва дигар масъалаҳои мубрами ин созмон баррасӣ шуданд.

Ин аввалин ҷаласа пас аз васеъшавии Созмон мебошад, ки ҳамоҳангсозони миллии Ҳиндустон ва Покистон низ дар он ширкат доранд.

Всрчеча членов ШОС в Китае
Всрчеча членов ШОС в Китае

Эрон ҳам яке аз номзадҳои пешсаф барои ворид шудан ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мебошад.

Коршиносони русӣ ва эронии масоили Ховари Наздику Миёна иллату пайомадҳои сард шудани равобити Тоҷикистону Эронро, ки имрӯзҳо дар бадтарин давра қарор дорад, баррасӣ мекунанд.

Александр Шаров, муовини мудири Дафтари Эрон дар Бошгоҳи тиҷории СҲШ, таниш дар равобити Эрону Тоҷикистонро бисёр ночиз мешуморад ва мегӯяд: "Ин ки Тоҷикистон якбора ва ногаҳонӣ бо Эрон ҷанҷол роҳ андохта, бештар ба шантажи тиҷорӣ мемонад. Он кишвар иқтисоди бисёр кучаке дорад ва раҳбараш мехоҳад аз Чин, Русия ё Эрон ёронаву имтиёзҳоеро дарёфт кунад. Гумон дорам, ки ин масъала бар пояи як созиш ҳаллу фасл мешавад".

Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон кишвари осебпазирест ва шадидан зери таъсири Русия аст, ки онро таҳдидҳои гурӯҳҳои теруристӣ ҳимоят мекунад.

"Аз онҷое, ки Русия аз пайвастани Эрон ба СҲШ пуштибонӣ мекунад, Тоҷикистон наметавонад дар ин замина монеъ шавад. Гумон дорам, ки ин истори Тоҷикистон ҳангоми сафари раҳбараш ба Русия ба ҳанҷор дароварда хоҳад шуд", — мегӯяд Шаров.

Мавзуъ

Сипаҳбад Раҳимзода: СҲШ дер ё зуд ҲНИТ-ро созмони теруристӣ хоҳад шинохт
Лавров: Ҳиндустон ва Покистон бояд то моҳи июн аъзои СҲШ шаванд
Алимов дар бораи воридшавии Туркия ба СҲШ: мо барои густариш шитоб надорем
Барчаспҳо:
баррасӣ, ҷаласа, СҲШ, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ