Чин Тоҷикистонро ба нишасти БРИКС даъват кард

© AP / Olga TutubalinaГосударственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото
Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нишасти навбатии сарони БРИКС аз 3 то 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин доир мегардад

ДУШАНБЕ, 28 авг— Sputnik. Чин панҷ кишвари ҷаҳонро, ки миёни онҳо Тоҷикистон ҳам ҳузур дорад, ба нишатсти БРИКС даъват кард.

Ба иттилоъи сафири Русия дар Чин Андрей Денисов, Чин — Тоҷикистон, Мексика, Гвинея ва Таиландро ба нишасти БРИКС даъват кардааст.

"Ҳукумати Чин ин дафъа миқёси глобалиии  нишасти  БРИКС-ро васеъ кардааст. Аз Африқо — Гвинея, аз Амрикои Лотинӣ — Мексика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ — Таиланд ва аз Осиёи Марказӣ — Тоҷикисононро даъват кардааст", — гуфт сиёсатмадор.

Нишасти навбатии сарони БРИКС аз 3 то 5-уми сентябр дар шаҳри Сямэни вилояти Футзяни Чин доир мегардад.

БРИКС — созмони иқтисодӣ ва тиҷоратии иборат аз панҷ кишвари бо суръат рушдкунанда-Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0