14:59 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
71750

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарори Вазорати маорифу илми ҶТ дар бораи рӯзи дарсӣ эълон кардани 1-уми сентябрро, ки бо иди Қурбон ҳамзамон шудааст, носозгор бо Қонуни асосии ҶТ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ донистанд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муқаррар карда буд, ки иди Қурбон рӯзи ҷумъа, 1 сентябр фаро мерасад. Аммо Вазорати маорифу илми Тоҷикистон қарор карда, ки 1 сентябр дар ҳама муассисаҳои омӯзишии кишвар дарсҳо оғоз шаванд.

Устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон дуктур Ҷовид Муқим ин қарори Вазорати маорифу илми Тоҷикистонро носозгор бо Қонуни асосӣ ва қонунгузории ҷории кишвар донистааст.

Вай ёдоварӣ карда, ки "мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «Иди Қурбон — ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад» таҷлил мегардад ва бино бар моддаи 3 ҳамин қонун иди Қурбон рӯзи таътил аст. Пас қарори ҳайъати мушовараи Вазорати маорифу илми Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мухолифат мекунад".

Дуктур Муқим бар ин бовар аст, ки "қарори Вазорати маорифу илм бо моддаҳои 14 ва 37 Қонуни асосии ҶТ, моддаи 9 Қонуни ҶТ "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 89 Қонуни кори ҶТ ихтилоф дорад".

Устоди ДМТ таъкид кардааст, ки бино бар моддаи 16 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Қонуни асосии ҶТ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Аз ин рӯ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набояд хилофи Қонуни асосӣ бошанд.

Вай ҳамчунин ёдоварӣ карда, ки бино бар моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистонро муайян мекунад, қарори ҳайъати мушовараи Вазорати маорифу илм нисбат ба Қонуни асосӣ, кодексу қонунҳо, қарорҳои маҷлиси қонунгузор, фармонҳои раисҷумҳур ва дигар санадҳо эътибори камтар дорад ва набояд он амалӣ гардад.

"Вазорати маорифу илми ҶТ наметавонад ҳуқуқи омӯзгорон ва донишомӯзонро ба истироҳат дар иди Қурбон маҳдуд бикунад. Бинобар ин Вазорати маорифу илмро мебояд, ки тибқи моддаи 85 ва 86 Қонуни ҶТ "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" амалӣ гардидани қарори ҳайъати мушовираашро боз дорад ва ё ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, онро ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва қонунгузории ҷорӣ созгор кунад", — гуфтааст устоди курсии рӯзноманигории ДМТ.

Аммо Исмоил Файзизода, муовини раиси Федеросюни Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, қарори Вазорати маорифу илмро дуруст шумурдаву гуфтааст, ки ин ниҳод дар чорчӯби салоҳияти худ тасмимгирӣ карда ва он бо қонунҳо созгор аст.

Вале Алим Шерзамонов, раҳбари бахши бадахшонии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, дар вокуниш ба қарори Вазорати маорифу илм шаҳрвадони Тоҷикистонро фаро хондааст, ки 1 сентябр даст ба нофармонии маданӣ зананд.

Вай дар фарохоне, ки дар сафҳаи фейсбукии худ мунташир карда, гуфтааст, "иди Қурбонро рӯзи корӣ эълон кардани мақомоти кишваре, ки 98 дарсади ҷамъияташро мусалмонон ташкил медиҳанд, ба мардум ҳақи тазоҳурот медиҳад".

Вай пешниҳод карда, ки "ин рӯз бояд рӯзи нофармонии саросарӣ эълон шавад".

"Даъвати банда аз тамоми волидайни муҳассилини макотиби миёна, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, коллеҷҳо, макотиби олӣ ва мӯҳтарам омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот: Рӯзи 01.09.2017 аз ҳуқуқи конститутсионии худ дифоъ карда, ҳама чун як тан аз ширкат дар таҳсил ва тадрис худдорӣ кунед. Ин ҳуқуқи конститутсионӣ ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост, ки аз муқаддасоти худ дифоъ намоем. Аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоъӣ даъват мекунам, ки сар аз имрӯз то иди Қурбон ҳама масъалаҳои ҷузъиро як сӯ гузошта дар ин тазоҳурот бо пиёдасозии флешмоби густарда саҳим бошед", — гуфтааст Шерзамонов дар фарохонаш.

Ин фарохон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ вокуниши густардаеро дар пай дошта ва бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла фаъолони ҳуқуқи башар, ин фарохонро дастгирӣ кардаанд.

Мавзуъ

Имомон аз волидон даъват карданд, рӯзи иди Қурбон фарзандонро ба мактаб фиристанд
Фазилат ва ҷойгоҳи қурбонӣ
Аз барои иди Қурбон: Дар мактабҳои Маскав соли хониш аз 4-уми сентябр оғоз мешавад
Се рӯзи истироҳати тоҷикистониён дар иди Қурбон
Рӯзи таҷлили "Иди Қурбон" дар Тоҷикистон муайян шуд
Рӯзи дониш дар Тоҷикистон муайян шуд: 1-уми сентябр
Барчаспҳо:
нофармонии маданӣ, иди Қурбон, Рӯзи дониш, Исмоил Файзизода, Ҷовид Муқим, Алим Шерзамонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ