09:21 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони БРИКС

Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума мулоқот кард

© Sputnik / Григорий Сысоев /POOL
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
86 0 0

Кишвардори Тоҷикистон бо раисҷумҳури Африқои Шимолӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон аз таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҷонибдорӣ мекунад.

"Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Хавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд.

Ҳар ду ҷониб ҳамчунин доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ табодули афкор намуданд.

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
Барчаспҳо:
мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Африкаи Ҷанубӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ