20:15 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
79 0 0

Имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид раисҷумҳури Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз дар Амрико  мулоқоти кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш баргузор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон сараввал аз сафари кории Антониу Гуттериш ба Тоҷикистон ёдовар шуда гуфтаст, ин сафари дибири кулл ба кишвар заминаи дигаре барои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони милал фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
© Фото : пресс-служба президента Таджикистана

Эмомалӣ раҳмон қайд кард, Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он минбаъд низ идома хоҳад дод.
Антониу Гуттериш аз нақши Тоҷикистон дар иштироки фаъол дар татбиқ ва роҳандозии Рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин дар ташвиқу таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим баҳои баланд дода шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 фаъолона мусоидат намуда, дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо нақш мегузорад.

"Дар мулоқот доир ба татбиқи амалии ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028" ва дигар мавзуҳои муҳими аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, аз ҷумла, таъмини амнияти энергетикӣ, рушди мунтазами гидроэнергетика дар Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ташаббуси "Энергияи устувор барои ҳама", бунёди "Пули энергетикӣ" CASA-1000, ҳифзи захираҳои об, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, кам намудани партовҳои газҳои зарарнок ба ҳаво ва ғайра фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

Барчаспҳо:
оби тоза, CASA-1000, мулоқот, СММ, Антониу Гутерреш, Эмомалӣ Раҳмон, Дар ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ