00:08 22 феврали 2018
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи СММ

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи сиёсии Афғонистон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
3910

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ сулҳро дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар Осиёи Марказию Ҷанубӣ гуфт.

"Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистони ҳамҷавор изҳори нигаронии ҷиддӣ карда гуфт, ки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя аст", — омадааст дар хабарнома.

Раисҷумҳур нақши ҳамоҳангкунандаи СММ-ро дар раванди таҳияи тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гӯшаҳои доғи ҷаҳон баланд арзёбӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто таъкид кардааст, ки комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, бо истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ вобастагӣ дорад.

Кишвардори Тоҷикистон талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон муҳим арзёбӣ карда омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо он номида шуд.

Мавзуъ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гуттериш дар Ню-Йорк
Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқобод ба Ню-Йорк сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқобод ва Ню-Йорк боздид мекунад
Барчаспҳо:
суханронӣ, нигаронӣ, СММ, Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ