Раҳмон ва Штайнер ҳамкориҳои ҶТ ва СММ-ро баррасӣ карданд

© Пресс служба президента РТВстреча с Директором Программы развития ООН Ахимом Штайнером
Встреча с Директором Программы развития ООН Ахимом Штайнером - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири Барномаи пешрафту тавсеъаи СММ Ахим Штайнер дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии СММ дидор ва гуфтугӯ карданд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар ин мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи пешрафту тавсеъаи СММ баррасӣ шуданд.

Раисҷумҳур Раҳмон дар ин бидор аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БПТ хушнудӣ карда, саҳми ин барномаро дар баровардани ниёзмандиҳои кишвари худ баланд арзёбӣ кардааст.

Ахим Штайнер аз ибтикорҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти умдаи замони муосир ёдовар шуда, нақши раисҷумҳури Тоҷикистонро дар иҷрои барномаи "Аҳдофи тавсеъаи ҳазорсола" шоиста арзёбӣ кардааст.

Ҷонибҳо ба таври муфассал масоили авриди таваҷчуҳ, аз қабили ширкати фаъол дар иҷрои тарҳҳои хурду бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба иҷрои Аҳдофи тавсеъаи ҳазорсола, Рӯзномаи 2030 ва Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030, коҳиши бенавоӣ, рафъи оқибатҳои балоҳои табиӣ, ҳалли масоили ҷаҳонии камбуди обу тағйири иқлим, барқарорсозӣ ва рушди зерсохтори зарурии ҳаёт ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.

"Ҳамфикрии мусоҳибон ҳамчунин дар масъалаҳои муҳими дигари ҳамгироиҳои байналмилалӣ, ба монанди мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ таъкид карда шуд", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Тарафҳо бовар доранд, ки ҳамдастиву равобити дӯстонаи Тоҷикистон ва Барномаи пешрафту тавсеъаи СММ дар оянда низ самимию судманд боқӣ хоҳанд монд.

Лентаи хабарҳо
0