15:44 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

Ин мулоқотро раисҷумҳури Тоҷикистон воситаи хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо доираи соҳибкорони Штатҳои муттаҳидаи Амрико сӯҳбат кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, чорабинӣ бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Филлип Де Леон оғоз гардид.
Сипас дар ҳузури ҷамъомадагон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати "Ҷенерал Электрик"-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баромад намуд.

Роналд Поллетт, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон шарики боэътимод ба ҳисоб меравад ва ин давлат ба қатори даҳгонаи кишварҳои дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ шомил мебошад. Аз ин хотир, мо ҳамчун ширкати дорои имкониятҳои бузурги технологӣ дар соҳаи гидроэнергетика ҳавасманди истифодаи бештари ин технология дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҳастем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ, манфиатдории Тоҷикистонро аз рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо ИМА таъкид карда,  вохӯрии имрӯзаро васоити хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуд.

Бо ёдоварӣ аз заминаҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Амрико, ки зиёда аз 30 санадро дар бар мегирад,  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таваҷҷуҳи доираи соҳибкорону тоҷирони Америкаро барои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва энергетикӣ, алоқа, сохтмон, технологияҳои нав ва сайёҳӣ ҷалб кард.

Тавре таъкид гардид, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, дар ин замина, қонунгузории мамлакатро дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор намудааст, ки кафолатҳои ҳимояи сармоягузоронро низ таъмин менамояд.
Дар ҳамин замина болоравии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати ҷаҳонӣ таъкид карда шуда, ба таври мисол дар рейтинги "Пешбурди Бизнес"-и Бонки ҷаҳонӣ се маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардидани Тоҷикистон, беҳтар шудани мавқеи давлат дар байни 136 кишвар, ба қатори кишварҳои соҳаи сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарордошта ва даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон ворид шудани Тоҷикистон қайд гардид.

Раисҷумҳур аз доираи соҳибкорону тоҷирони Амрико даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи боз ҳам бештару беҳтари ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Америка саҳмгузор бошанд.

Барчаспҳо:
мулоқот, соҳибкор, Эмомалӣ Раҳмон, Амрико, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ