Дидори Сироҷиддин Аслов бо Оли Наҳён дар Ню-Йорк

© Фото : Аз равобити умумии ВУХ ҶТДидори Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои арабаш
Дидори Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои арабаш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, ин дидор рӯзи 22 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 72-юми Маҷмаи Умумии СММ баргузор шудааст.    

Ба иттилоъи манбаъ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин тарафҳо дар бораи Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки 16 октябри 2017 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суҳбат кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0