07:43 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Министр обороны Таджикистана и офицеры силовых структур, архивное фото

Низомиёни бознишаста метавонанд ба сохторҳои низомии Тоҷикистон бар гарданд

© Sputnik Stringer
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»-ро ислоҳ кард.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бар асоси тағйироте, ки дар ин қонун дароварда шуда, афсарони бознишастаи сохторҳои низомӣ ва интизомӣ аз ин пас метавонанд ба хидмати низомӣ боз гарданд.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров гуфт, ин ҳаққро афсарони ҳирфаие дарёфт кардаанд, ки замоне ба далоили гуногун аз хидмати низомӣ ва интизомӣ канорагирӣ кардаанд.

"Вале касоне, ки аз сохторҳои қудратӣ бо далоили манфӣ барканор шуда буданд, ин ҳаққро нахоҳанд дошт", — ёдоварӣ кард Умаров.

Маҷлиси қонунгузор ҳамчунин Созишномаи ҳамкории кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар заминаи таробарии ягонҳои низомӣ, ҷангафзорҳо ва фаровардаҳои машмули паймони низомиро тасвиб кард.

Ёдовар мешавем, ки ин созишнома 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд ва ҳадафи аслии он, интиқоли бидуни мамонияти таҷҳизоти ҳарбӣ аз қаламрави кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар муаррифии ин санад дар Маҷлис гуфт, ки он ба навсозии артиши Тоҷикистон ва муқобила бо хатару таҳдиҳо ба амнияти кишвар мусоидат мекунад, чун дар ҳолати зарурӣ нерӯҳои СПАД метавонад ба кумаки Тоҷикистон бирасанд.

Мавзуъ

Маҷлис қонунгузорӣ дар заминаи фасодзудоӣ ва хидмати низомиро ислоҳ кард
Барчаспҳо:
артиш, хидмати низомӣ, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Вазорати дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо, Тоҷикистон-СПАД

Мавзӯъҳои асосӣ