02:22 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области

Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба арҷгузорӣ ба забони давлатӣ фаро хонд

© Пресс служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
209 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими пардабардорӣ аз сохтмони нави мактаби деҳаи Гулбутта бар арҷгузорӣ ба забони давлатӣ таъкид кард

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳур Раҳмон дар раванди боздид аз рустоҳои ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз дар ҷамоати Чимтеппа дар маросими ифтитоҳи сохтмони навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбутта ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ кормандони соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла, устодону омӯзгорони ноҳияи Рӯдакиро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, барояшон "дар ҷодаи ба камол расонидани насли шоистаи миллат ва шахсиятҳои ватандӯсту худогоҳ" барору комёбӣ орзу кард.

Вай таъкид кард, ки "ҷашни забон, хусусан, барои аҳли маориф қадру манзалати зиёд дорад. Чунки устоду омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо нерӯи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳар гуна мушкилот, ин масъулияти пуршарафи хешро сарбаландона иҷро менамояд".

"Маҳз тавассути осори илмиву адабӣ ва заҳмати омӯзгорон фасоҳату нозукиҳои забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол побарҷо монда, имрӯз сабку услуби ашъори Рӯдакӣ ва садҳо нафар адибони гузаштаамон ба хонанда дастрасу фаҳмо мебошад", — ёдоварӣ кард раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки "забони тоҷикӣ дар тӯли ҳастии миллати мо нақши барҷаста бозида, арзишҳои милливу таърихии халқамон маҳз тавассути он ҳифз гардидаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдоди некноми худ бегазанд ба мерос монем".

Сохтмони нави мактаби миёнаи умумии № 59 бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва сармоягузории Ширкати чинии ТВЕА бунёд шуда ва дар он 1280 донишомӯз дар ду баст таҳсил хоҳанд кард.

Ин сохтмон 28 утоқи таълимӣ ва дигар зерсохтори зарурӣ дошта, дар он тибқи меъёрҳои байналмилалии меъмориву таълим барои таълиму тарбияи хонандагон ҳама шароиту имконоти муосир фароҳам оварда шудаанд.

Мавзуъ

Умед Ҷайҳонӣ: забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт
Дастури Қодирӣ ба омӯзгорон: забони давлатӣ дар сатҳи зарурӣ омӯзонида шавад
Барчаспҳо:
Рӯзи омӯзгор, Рӯзи забони давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-ноҳияи Рӯдакӣ

Мавзӯъҳои асосӣ