20:36 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Коршиносон нишасти кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро омода карданд

© Фото: Пресс-служба МИД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
5110

Коршиносони аршади вазоратҳои умури хорҷиӣ пешнависи санади поёнии Форуми кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро омода карданд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти коршиносони аршади кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии ВУХ ҶТ, нишасти коршиносони аршад дар остонаи Иҷлоси дувуми Форуми иқтисоду ҳамкории давлатҳои арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар ин нишаст коршиносон пешнависи санади поёнии Форум ва масъалаҳои рушди ҳамкориҳои миёнминтақаиро баррасӣ карданд.

Дувумин Иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 октябр дар Душанбе бо иштироки Дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барпо мешавад.

Мавзуъ

ВУХ: Робитаҳои динии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Барчаспҳо:
Форуми иқтисоду ҳамкорӣ, нишасти коршиносони аршад, Вазорати умури хориҷии ҶТ, Тоҷикистон-Осиё

Мавзӯъҳои асосӣ