02:28 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Второе заседание экономического Форума и сотрудничества арабских государств со странами Центральной Азии и Азербайджана

Эмомалӣ Раҳмон: саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бояд бештар шавад

© Фото: Пресс служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон саҳми кишварҳои арабӣ дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии кишварро "ҳамагӣ якуним дарсад" хонд ва хостори афзоиши он шуд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар дувумин нишасти Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард, кишварҳои арабиро ба ҳузури бештари иқтисодӣ, ширкати фаъол дар сармоягузорӣ ва баҳрабардории муштарак аз захираҳои табиии Тоҷикистон даъват ва ташвиқ кард. 

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз торих ин Форумро "воситаи муҳимми ҳамкорӣ ва иқдоми дорои аҳаммияти хосса" арзёбӣ намуд ва умедвор шуд, ки он барои эҳёи пайвандҳо, густариши равобиту ҳамкориҳо ва пешрафти минтақаву кишварҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.

"Мо кишварҳои арабиро аз ҷумлаи шарикони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои нек бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем", — таъкид кард вай ва афзуд, ки бо дар назар гирифтани имконоту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон аксари кишварҳои пешрафтаи арабӣ дар самти тиҷорату сармоягузориҳо дар соҳаҳои мухталиф метавонанд бо кишвари мо дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд ҳамкорӣ намоянд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки яке аз омилҳои муассири рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ фароҳам сохтани фазои шаффофу мусоид барои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ аст ва Тоҷикистон дар ин росто тадбирҳои зарурӣ меандешад. Чунончи, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Дар ин нишаст ҳамчунин дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абдулғайт ва вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ — раиси Шурои вазирони умури хориҷии ИДА Маҳмуд Алӣ Юсуф низ суханронӣ карданд.

Онҳо бо сипосгузорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои боз, фазои мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва рушди равобити судманду муҳими минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аз раванди иҷрои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни ИДА ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон ва санади ҷудогонаи ҳамкорӣ миёни ҶТ ва ИДА, ки се сол пеш дар нахустин иҷлосия дар шаҳри Риёз ба имзо расида буд, қаноатмандӣ карданд.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми кори дувумин Иҷлосияи Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Эъломияи Душанбе қабул карда шавад.

Мавзуъ

Тоҷикистону Арабистон баргузории Ҳамоиши иқтисодиро баррасӣ карданд
ВУХ: Робитаҳои динии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Барчаспҳо:
Форуми иқтисоду ҳамкорӣ, Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, Маҳмуд Алӣ Юсуф, Аҳмад Абдулғайт, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-кишварҳои арабӣ-Озарбойҷон

Мавзӯъҳои асосӣ