06:58 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
9510

Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ миёни ду кишварро ба якдигар табрик гуфтанд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Шавкат Мирзиёев 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ миёни ду кишварро ба раисҷумҳури Узбакистон табрик гуфт.

Дар паёми раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев, ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир карда, омадааст:

"Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Дар пайванд бо рӯйдоди шоистаи таърихӣ — биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.

Ӯзбекистони дӯст, аз аввалинҳо шуда, робитаҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон дар давраи муоаккабу печидаи ташаккул ёфтани кишвари мо ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ба роҳ монд.

Мо муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумонамонро арзишманд медонем.

Бо изҳори қаноатмандӣ раванди мусбати мутобиқ ба тақозои замон рушд ёфтани ҳамкориҳои ду кишварро тайи вақтҳои ахир таъкид карданиам. Қобили таҳсин аст, ки ин соли ҷашнӣ бо сурат пазируфтани як силсила чорабиниҳои дуҷонибаи муҳим дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла намоишгоҳҳои тиҷоративу саноатӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ, ки ба тавсеаи миқёси робитаҳои мутақобилаи мо такон бахшиданд, таҷлил мегардад.

Итминон дорам, ки Шумо дар оянда низ аз тамоми иқдомот ҷиҳати бо намунаҳои нави созанда афзун ва ғанӣ гардонидани муносибатҳои гуногунҷанбаи мо, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ҷонибдорӣ хоҳед кард. Мо аз ҷониби худ барои мунтазам тақвият бахшидан ба ҳамдастию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи ба ҳам бародар мебошанд, тамоми кушишҳои заруриро ба харҷ хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсате, ки ин рӯйдоди нек фароҳам овардааст, ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурсамаратон дастовардҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон рифоҳ, сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам".

Мавзуъ

Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкорӣ дар заминаи гардишгариро густариш медиҳанд
Созу овози тоҷикӣ дар Узбакистон: ҳунармандон хуш дурахшиданд
Тоҷикистон ва Узбакистон Шурои тиҷорӣ ташкил мекунанд
Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод дода, ки колоҳояшонро бо як бренд бифурӯшанд
Тоҷикистон ва Узбакистон ба арзиши $20 млн қарордод бастанд
Барчаспҳо:
солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ, табрик, 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ