Имомуддин Сатторов: муҳоҷирони тоҷик ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои ифротӣ надоранд

© SputnikПосол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов
Посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия иттиҳоми бархе аз намояндаҳои Утоқи иҷтимоъии Русияро радд кард, ки коргарони муҳоҷири тоҷикро муттаҳам ба доштани иртибот бо гурӯҳҳои теруристӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Cафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов иттиҳоми бархе аз намояндаҳои Утоқи иҷтимоъии Русия мабнӣ бар иртиботи коргарони муҳоҷири тоҷик бо гурӯҳҳои теруристиро радд кард.

Чанде пеш Албир Крганов, узви Утоқи иҷтимоъии Русия ва муфтии шаҳри Маскав, муддаъӣ шуда буд, ки таблиғгарони гурӯҳҳои теруристӣ дар миёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба шиддат нуфуз кардаанд.

Празднование Курбан-Байрама в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Имомхатибони тоҷик барои насиҳати муҳоҷирон ба Русия меоянд

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бисёре аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, бавижа ҷавонон, барои таъмини зиндагии худ ва хонаводаҳояшон ба Русия мераванд ва ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои ифротӣ надоранд.

Сатторов муътақид аст, коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бархе мавридҳо то шаш моҳ наметавонанд ҳуқуқ ва дастмузди худро дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи вай фишори пулиси Русия бар ин коргарон аз як сӯ ва риоят нашудани ҳуқуқи иҷтимоъии онҳо аз сӯи дигар, боис шуда ин коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз дидани нерӯҳои полиси Русия воҳима дошта бошанд, ки ин падидаи ногувори равонӣ бояд тағйир кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Албир Крганов, узви Утоқи иҷтимоъии Русия ва муфтии шаҳри Маскав, дар як нишасти расонаӣ аз ташкили "Хуросон" ном гурӯҳи ифротӣ-теруристӣ дар шимоли Афғонистон хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳ бо узвияти чандҳазор нафар аз ҷангҷӯёни кишварҳои мухталиф, хатари воқеӣ барои кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон маҳсуб мешавад.

Ин муфтии шаҳри Маскав муддаъӣ аст, коргарони ҷавони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия ба ҳоли худ раҳо шудаанд ва ба ҳамин хотир таҳти таъсири афкори мухарриби мубаллиғони гурӯҳи теруристии ДОИШ қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0