16:42 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян

Суҳбати самимӣ: Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии Арманистон мулоқот кард

© Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Тоҷикистону Арманистон бар ҳамсонб ва ё наздики истору дидгоҳи ду кишвар ба бисёре аз масоили мубрами ҷаҳони имрӯз таъкид кардаанд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Қасри миллат бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян дидор кардааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон ва Баблоян дар суҳбати самимие, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, бавижа равобити миёнмаҷлисӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар 25 соли равобити миёнкишварӣ хушнудӣ карданд.

Тавре таъкид гардид, иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба  Арманистон дар моҳи июни соли равон, заминаи мусоиду имконоти фарохеро барои рушуду тавсеъаи бештари равобити судманди ду кишвар фароҳам меоварад.

Дар ҳамин робита умедворӣ карда шуд, ки сафари раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду тавсеъаи ҳамкориҳои миёндавлатӣ ва миёнпарлумониии Тоҷикистону Арманистон такони тоза мебахшад.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва равобити байнипарлумониву ҷамъиятӣ ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СММ, САҲА, ИДМ ва СААД фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Гуфта мешавад, мусоҳибон таъкид намуданд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро беш аз 30 санад ташкил медиҳад, ки ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои гуногун ба танзим медароранд.

Мавқею назари ҳамсон ва ё наздики ду давлат дар бисёр масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир низ таъкид карда шуд. Вобаста ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳамчунин масъалаи таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ ва роҳҳои ҳалли сулҳомези муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои олам мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Барчаспҳо:
мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Арманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ