17:13 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Гусели раисҷумҳури Туркманистон дар фурудгоҳи Душанбе

Пас аз гашту гузор дар Варзоб, Раҳмон Бердимуҳаммадовро ба Ишқобод гусел кард

© Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
43320

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматро тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, сафари кории Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Тоҷикистон имрӯз анҷом ёфт.

Пеш аз сафар ба Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар боғи Бӯстонсарои ҳукумати кишвар дар Варзоб гашут гузор карданд.

Сайру гашти меҳмон дар фазои гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмон намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо, анвои дигар ва таъомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.

Сарони давлатҳо дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумат, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд.

"Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби  Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуданд", — омадаааст дар хабарнома.

Ҳамин тавр сафари расмии раисҷумҳури Туркманистон дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз шаҳри Душанбе ба Ишқобод баргашт.

Дар фурудгоҳи Душанбе меҳмонро бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Туркманистон бо ҳайъати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 2 ва 3 ноябр бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни ин сафар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони воломақоми Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир кард.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ба беш аз 70 адад расид.

Барчаспҳо:
гусел, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ