10:11 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки ҶТ дар Русияро иваз кард

© Фото : пресс-служба президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
650 0 0

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари нави Намояндагии Хадамоти гумруки Ҳукумати ҶТ дар Русияро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раҳбари нави Намояндагии Хадамоти гумруки ҶТ дар Русияро таъйин кард. 

"Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин Роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин карда шавад", — гуфта мешавад дар матни қароре, ки Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 22 ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насриддинов муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Маскав, Уфа, Алмаато ва муовини мудири Дафтари Кумитаи иҷроии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Минск низ таъйин шуданд.

 

Мавзуъ

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои КДАМ ва Вазорати дифоъ дар Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар вазорат ва ниҳодҳо масъулинро ҷо ба ҷо кард
Тағйироти кадрӣ: Ғаффорзода сардори Раёсати кор бо занон таъин шуд
Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон чанд додрасро аз симат барканор кард
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Намояндагии Хадамоти гумруки ҶТ дар Русия, Эраҷ Ҷӯрабекзода, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ