15:51 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар диққати шариконро ба тақвият додани таҳкими ҳифз ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷалб намуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш дод, ки имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амниятии Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа ҳамчунин раисҷумҳури Русия Владимир Путин, Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва  Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.

Гуфта мешавад, нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи таъмини амнияти кафолати мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.

Зимни суханронӣ кишвардори Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоти сайёра, таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба амнияти кишварҳои аъзо ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷалб карда, иброз дошт, ки афзоиши терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар назди мо вазифаҳои навро мегузорад.

Манбаъ меафзояд,  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар диққати шариконро ба тақвият додани таҳкими ҳифз ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷалб кард.

Ҳамчунин роҳбари  давлати Тоҷикистон изҳори умедворӣ карда, ки Нақшаи амалигардонии Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ то соли ду ҳазору бисту панҷ ва қарорҳои имрӯз қабулшуда дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор барои таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмон ҳиссагузор хоҳад буд.

Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба 25-солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15-солагии таъсисёбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қабул гардид.

Барчаспҳо:
сарҳад, суханронӣ, ҷаласа, СААД, Эмомалӣ Раҳмон, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ