Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Белорусро ба Тоҷикистон даъват кард

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд, менависад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҳайатҳои васеи Тоҷикистон ва Белорус ширкат доштанд.

Лукашенко на саммите ОДКБ заблудился в собственном дворце - Sputnik Тоҷикистон
Онсӯ нарав, инсӯ биё: Лукашенко дар иҷлосияи СПАД раисҷумҳуронро гаранг кард (НАВОР)

"Сарони давлатҳо оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳоро ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа, тақвияти минбаъдаи саъю талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзии терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд",- менависад манбаъ.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко арурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Манбаъ меафзояд, дар баробари ин  маҷмӯи саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёту энергетика, саноати озуқа ва сабук ба сифати арсаҳои ояндадори ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян гардиданд.

Гуфта мешавад, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ миннатдории худро ба раисҷумҳури Белорус изҳор кард ва ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал овард. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд. Муҳлати баргузории сафари расмӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Белорус дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии Беларус;
— Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;
— Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.

Лентаи хабарҳо
0