Дидори таърихӣ: Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов мулоқот кард

© Пресс служба президента РТВстреча президента Эмомали Рахмона с премьер-министром Узбекистана Абдуллой Ариповым
Встреча президента Эмомали Рахмона с премьер-министром Узбекистана Абдуллой Ариповым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд талош ба харҷ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири Узбакистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфт.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбакистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои ду ҳамсоядавлат мегарданд.

"Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Узбакистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд талош ба харҷ хоҳад дод",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Манбаъ афзудааст, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳҳум ва якдигарфаҳмии комил сурат гирифта,  масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, соддагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷуда, поксозии минтақаҳои минабандишудаи сарҳад, ифтитоҳи гузаргоҳҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба марзи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Сарвари давлат ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикисторо барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Узбакистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилоте эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад",- қайд мекунад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, омадааст дар хабар.

Ҳар ду ҷониб умедвории худро аз ояндаи бобарори муносибатҳои дӯстонаю самимии Тоҷикистону Узбакистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, барои тақвияти заминаҳои қарордодию ҳуқуқии робитаҳои байндавлатию байниҳукуматӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0