19:39 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

Абдуҷаббор Азизӣ: Тоҷикистон ба равобит бо Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад

© Sputnik
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0

Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ дар ҳошияи сездаҳумин Конфронси Иттиҳодияи маҷлисҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Маҷлиси намояндагон, Абдуҷаббор Азизӣ дар дидор бо Алӣ Лориҷонӣ Тоҷикистон ва Эронро ду кишвари дӯсту бародар донист ва бар алоқамандии Душанбе ба густариши сатҳи равобит бо Теҳрон таъкид кард.

“Ҳукумат ва Маҷлиси Тоҷикистон дар равобити байналмилалии худ ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Намунаи ин сафару мулоқотҳои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ аст”, — гуфт Азизӣ.

Вай бо ишора ба ин ки Маҷлиси намояндагон парлумони тозабунёд аст ва Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар миёни парлумонҳои ҷаҳон нақши сазоворе дорад, гуфт: “Моро мебояд аз таҷрибаи ҳамидигар самарабахш истифода барем, зеро фарҳангу забони муштарак, дину таърихи умумӣ бароямон бартариҳое медиҳад”.

“Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳамкориҳоро густариш диҳем. Мо метавонем дар заминаи табодули ҳайъатҳои парлумонӣ, омӯзиши таҷрубаи якдигар дар қонунгузорӣ ҳамкориҳои судманде дошта бошем”, — афзуд муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ ҳам дар ин дидор тадбирҳои муҳими сиёсии Тоҷикистонро таи солҳои охир, бавижа роҳи нави қонунгузорӣ, яъне бо ҷалби ҳама аҳзоби сиёсӣ гузаронидани интихоботи парлумониро гоми устуворе дар пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон хонд.

Вай ҳамчунин сафари ҳайъати Маҷлиси намояндагон ба Эронро оғози фасли наве дар равобити маҷлисҳои ду кишвари бародар шумурд ва хостори тақвияти ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гурӯҳҳои дустии муштарак шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, Алӣ Лориҷонӣ теруризм ва маводи мухаддирро таҳдидҳои муштараки Эрону Тоҷикистон донист ва хостори ҳамкории ду кишвар дар ин мубора бо ин ду хатар шуд.

Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон ҳамчунин хостори бознигарӣ дар таърифҳои гумрукӣ шуд ва гуфт барои осонсозии сармоягузорӣ миёни ду кишвар бояд кумитаи муштараке ташкил дода шавад.

Сездаҳумин Конфаронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо даъвати раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лоринҷонӣ дар 13-умин Конфронси Иттиҳодияи маҷлисҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Теҳрон ширкат мекунад. Ӯро дар ин сафар раҳбарони кумитаҳои маҷлис Олимҷон Салимзода ва Абдураҳим Холиқзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Миралӣ Достизода ҳамроҳӣ мекунанд.

Абдуҷаббор Азизӣ ва ҳамроҳонаш ҳамчунин бо раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрону Тоҷикистон Куруш Карампур Ҳақиқӣ ва дабири кулли Иттиҳодияи маҷлисҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Маҳмуд Эрол Қилич дидору гуфтугӯ кардаанд.

Сафари расмии муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон то рӯзи 18 январ идома меёбад.

Мавзуъ

Сафири Тоҷикистон дар Эрон хостори густариши ҳамкории донишгоҳҳои ду кишвар шуд
Вазири умури хориҷии Эрон: Трамп худаш ҳам намедонад чӣ мехоҳад!
Вазири дифоъи Эрон: Амрико посухи хисорот ба моро хоҳад гирифт
Боздошти раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои парлумонӣ, Маҷлиси Шурои исломии Эрон, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Алӣ Лориҷонӣ, Абдуҷаббор Азизӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ