23:36 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Церемония подписания Обменных нот правительства Японии и правительства Таджикистана

Тоҷикистон аз Ҷопон корафзорҳои пешрафтаи пулисӣ дарёфт мекунад

© Пресс-служба МИД Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар чорчӯби ёриҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон корафзорҳои пешрафта дарёфт хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ёддоштҳои табодулии дарёфти корафзорҳои пешрафтаи пулисиро дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва сафири Ҷопон дар ҶТ Хаҷиме Китаока имзо карданд.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин тарҳ дар чорчӯби ёриҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон аз рӯи Барномаи рушди иқтисод ва ҷомеъа амалӣ хоҳад шуд.

Аслов ва Китаоке ин ёддоштҳоро дар раванди дидори вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳайъате аз ВУХ Ҷопон ба раҳбарии Тошиҳиро Аики, намояндаи вижаи Токион дар кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо карданд.

Ҳайъати намояндагони Ҷопон барои ширкат дар ройзаниҳо миёни коршиносони аршади вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар ва ҷаласаи навбатии Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ба Душанбе омадаст.

Мавзуъ

Аслов бо муовинони вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот кард
Аслов ба Шӯрои амнияти СММ: барои татбиқи тарҳи КАСА-1000 кумак кунед
Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли СММ мулоқот кард
Сироҷиддин Аслов эътиборномаи сафири нави Озарбойҷонро пазируфт
Барчаспҳо:
корафзорҳои пешрафтаи пулисӣ, ВУХ Тоҷикистон ва Чин, Ҳаҷиме Китаока, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон-Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ