Раисҷумҳур: дар низоми бонкии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади баланд намудани эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллӣ якҷо бо бонкҳои кишвар бояд механизми суғуртаи пасандоз ва амонатҳои низоми бонкиро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мувофиқаи Ҳукумати мамлакат ҷорӣ намояд, гуфт кишвардор

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik.Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаждаҳуми Шӯрои машваратии назди раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар хотимаи ҷаласа раисҷумҳур Раҳмон баромад карда, бо аъзоёни Шӯро чанде аз масъалаҳоро мавриди барасӣ қарор дод.

Чунончи, раисҷумҳур дар назди ҳозирон аз натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия гуфтааст.

"Дар зарфи ду — се соли охир аз меъёр зиёд шудани қарзҳои ғайрифаъол, мушкилоти пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ, татбиқи нопурраи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушд накардани бозори қарзии байнибонкӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Ба гуфтаи кишвардор, низоми бонкии Тоҷикистон бояд ҷиддан ислоҳ шавад.

"Таъкид месозам, ки таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ҳаматарафа таҳлил гардида, дар низоми бонкӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад",- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ нуқоти заъфи бонкҳои Тоҷикистонро нишон дод

Бо мақсади баланд намудани эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллӣ якҷо бо бонкҳои кишвар бояд механизми суғуртаи пасандоз ва амонатҳои низоми бонкиро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мувофиқаи Ҳукумати мамлакат ҷорӣ намояд, афзуд ӯ.

Ба таъкидҳои раисҷумҳур, омили дигаре, ки ба рушди низоми бонкии кишвар монеъ шуда истодааст, дар ҳолати номуайянӣ қарор доштани амонатгузорон ва истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ мебошад.

"Барои бартараф намудани ҳолати мазкур муқаррар намудани низоми ягонаи назорати идоракунии корпоративӣ барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муҳим мебошад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки сатҳи касбияти кормандони соҳаи бонк баланд бардошта, барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти фаъолияти бонкдорӣ такмил дода шаванд",- таъкид кардкишвадор.

Дар ин робита  дар охир Бонки миллӣ ва Вазорати молия аз раисҷумҳур якчанд супориш гирифтанд.

"Вобаста ба ин, ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҷараёни ҷорӣ намудани идоракунии корпоративиро дар низоми молияву қарз тақвият дода, механизми шаффофияти фаъолияти бонкҳо ва баланд бардоштани эътимод ба онҳоро татбиқ намоянд",- гуфт раисҷумҳур.

Инчунин, зарур аст, ки Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба фишангҳои пуливу қарзӣ ва баланд бардоштани бозоргирии коғазҳои қиматноки давлатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд, то ки ҷараёни сармоягузорӣ дар кишвар тавассути биржаи фондӣ фаъол гардонида шавад, таъкид кард вай.

Лентаи хабарҳо
0