Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ кард

© © Sputnik / Амир ИсаевЭркинхон Раҳматуллозода и Де Кершов, архивное фото
Эркинхон Раҳматуллозода и Де Кершов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ҷаноби Де Кершов дар дафтараш дар Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.

"Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ба Ҳамоҳангсози ИА оид ба мубориза бо терроризм даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар Конфронси баландпояи байналмилалӣ "Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм", ки 3-4 маи 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, супорид. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Ҳамин гуна даъватномаҳо ба ниҳодҳои дигари воқеъ дар Брюссел — Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Комиссариати корҳои дохилӣ ва амният ва ғайра низ дастрас гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0