13:03 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
300 0 0

Тарафҳо масоили омодагии сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон ба Тошканд расид. Дар ин бора намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон хабар додааст.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон пештар хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев дар авоили фасли баҳор ба Тоҷикистон меояд.

"Ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарии муовини нахуствазир  Азим Иброҳим рӯзи душанбе ба Тошканд рафт. Ҷонибҳо дар ин дидор омодагии сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро баррасӣ мекунанд", — омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилоъи ВУХ Узбакистон дар чорчӯби ин сафар Азим Иброҳим бо намояндагони баландпояи ҳукумати Узбакистон, возаратҳо дидору гуфтутгӯ хоҳад кард.

Дар ин дидорҳо равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакситон ҳам баррасӣ хоҳанд шуд.

Мавзуъ

Ҳайъати воломақоми Тоҷикистон ба Узбакистон меравад
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, дидор, Шавкат Мирзиёев, Тоҷикистон, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ