21:03 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Марде дар талоши пӯшидани ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Дар бораи раиси нави шаҳри Исфара чӣ медонем

Sputnik / Дмитрий Астахов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
764 0 0

Рӯзи 10 феврал бо ширкати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара маросими муаррифии раиси нави шаҳр доир шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Бо Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин гардид.

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, изҳори сипос намуда, ба Сиҷоуддин Саломзода барои иҷрои вазифа барори кор таманно кардааст.

Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Сиҷоуддин Саломзода соли 1989 Донишкадаи политехники Тошканд ба номи Абдурайҳон Беруниро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ-геофизик хатм кардааст.

Саломзода аз соли 1989 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳандис-геофизик оғоз кардааст.

Сиҷоуддин Саломзода дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори Хадомоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода кор кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи амалӣ кардани тағйироти кадрӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон раисони нави шаҳрҳои Бӯстон, Исфара, Турсунзода ва ноҳияҳои Зафаробод ва Мир Саид Алии Ҳамадониро таъйин кард.

Барчаспҳо:
муаррифии раиси нав, тарҷумаи ҳол, Сиҷоуддин Саломзода, Расулзода Дилшод, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ