Дар Маскав 25-солагии Артиши миллии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

© Вазорати умури хориҷии ТоҷикистонТаҷлили 25-солагии Артиши миллии Тоҷикистон дар Русия
Таҷлили 25-солагии Артиши миллии Тоҷикистон дар Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни чорабинӣ дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ошно намуд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Чанде пеш дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар чорабинӣ вакилони Думаи Давлатӣ, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои Федератсияи Россия, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, атташеҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ ва дигар намояндаҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии муқими Москва, инчунин расонаҳои Тоҷикистон ва Россия ширкат варзиданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов қайд намуд, ки ҳар сол 23 феврал ҳамчун санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон — рӯзи ҳомиёни содиқи Ватан бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

"Имрӯз ҳамаи шароит барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фароҳам оварда шудааст, то хизматчиёни ҳарбӣ тавонанд бо интизоми қавии худ, донишу малакаи сатҳи баланд, истифодаи моҳиронаи техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ҳимояи далеронаи Ватан ва саъю кушишҳо ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва созанда созандаи  мардуми тоҷик хидмат намоянд",- гуфт зимни суханронӣ Имомуддин Сатторов.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо низоми қавии худ мояи ифтихори халқ ва ҳомии боэътимоди Ватан мебошанд.

Зимни чорабинӣ дар бинои Сафорат намоишгоҳи аксҳо ташкил ва манзури манзури меҳмонон гардонида шуд, ки ҳозиринро бо таърих ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ошно намуд.

Лентаи хабарҳо
0