03:51 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Вазорати умури хориҷаи Русия аз талошҳои Амрико барои коҳиши ҳамкории ҷумҳуриҳои пешини Шуравӣ бо Маскав хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Амрико талош дорад фароянди ҳамкориҳои чандсӯя миёни кишварҳои Осиёи Миёна бо Маскав ва фазои ҳамгароӣ дар густараи Шуравии пешинро ба ҳам занад, эълом кард Вазорати умури хориҷии Русия.

Ин ниҳод дар вокуниш ба гузориши артишбад Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Ситоди Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар баёнияе онро маҳкум карда ва гуфт, ки мавзеъгириҳои Вотел нишондиҳандаи жарфои пешфарзҳои русияситезона дар Вашингтон аст.

Артишбад Ҷозеф Вотел гуфта буд, кишварҳои Осиёи Миёна ҳануз ҳам дар масоили иқтисодӣ ва амниятӣ ба Русия такя мекунанд ва ҳамгароӣ дар чорчӯби тарҳи иқтисодии Уросиё низ кӯшише барои бозёбии асару таъсиргузории Русия бар он кишварҳо аст.

“Пушти ингуна суханҳо касоне истодаанд, ки мехоҳанд кишварҳои Осиёи марказиро аз ҳамкориҳои чандсӯя бо Русия ва дигар ҳамроҳонаш дар равандҳои ҳамгароёна дар паҳнои Шуравии пешин ҷудо кунанд. Аммо воқеъиятҳо аз аҳамияти истисноии ин раванд барои мардумони ҳама кишварҳои минтақа мегӯянд”, — гуфта мешавад дар ин баёния.

Вазорати умури хориҷии Русия ёдоварӣ карда, ки Русия ва кишварҳои пасошуравиро пайвандҳои торихӣ бо якдигар пайваст мекунанд ва равобит миёни онҳо ҷанбаи ҳампаймонӣ ва роҳбурдӣ дорад.

“Дар 10 соли гузашта ҳаҷми кумакҳои Маскав ба тавсеаи кишварҳои Осиёи Миёна ба беш аз 6 милёрд дулор расидааст. Русия дар он минатқа беш аз 20 милёрд дулор сармоягузорӣ карда ва камбуш 7,5 ҳазор ширкат бо сармояи русӣ дар он кишварҳо фаъолият доранд. Ҷанбаи ҳамсудмандӣ ва баробарҳуқуқии ин равобитро сармоягузориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иқтисоди Русия низ собит мекунанд. Чунончи, Қазоқистон беш аз 3 милёрд дулор дар Русия сармоя гузоштааст”, — таъкид шудааст дар ин баёния.

Бино ба додаҳои ин вазорат, Амрико дар солҳои 2008 – 2016 ба ин кишварҳо камобеш 3 милёрд дулор кумак расондааст, ки кумакҳои низомиро низ дар бар мегирад.

“Бархӯрди Амрико бо кишварҳои осиёи Марказӣ судҷӯёна аст. Амрикоиҳо кӯшиш доранд бар он кишварҳо ва манобеъву захоиру зерсохторҳои таробарӣ ва низомӣ ва сохторҳои амниятии онҳо даст ёбанд. Мо б ҳаққи дӯстони худ барои интихоби шарик эҳтиром мегузорем, вале иҷоза намедиҳем, ки кадоме аз ин шарикҳо моро бо якдигар мухолиф гардонад”, — таъкид кардааст Вазорати умури хориҷии Русия.

Мавзуъ

Амрико аз таъсиргузории Русия бар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигарон аст
Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Доналд Трамп ҳушдор дод
Вазорати хориҷа ба амрикоиҳо тавсия карда аз Тоҷикистон боздид кунанд
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷаи Русия, Русия-Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ