10:27 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Представитель Таджикистана в Евросоюзе Эркинхон Рахматуллозода и представитель парламента Европы Натали Грисбек

Тоҷикистон бо намояндаи Парлумони Аврупо масоили мубориза бо терроризмро баррасӣ кард

© МИД Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Зимни мулоқот масоили марбут ба ширкати Парлумони Аврупо дар конфронси қарибулвуқуъ дар мавзуи "Мубориза алайҳи терроризм ва радикализм", ки баргузориаш 3-4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, низ баррасӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо хонум Натали Грисбек мулоқот кардааст.

Тавре дар гузориш таъкид мешавад, 2 марти соли 2018 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи махсуси зиддитеррористии Парлумони Аврупо хонум Натали Грисбек доир гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, намояндаи доимии Тоҷикистон иттилооти муфассалеро оид бо фаъолиятҳои ҳамарӯзаи кишвари мо дар бахши муборизаи муваффақ ва мунтазам бар зидди ҳар гуна зуҳуроти ин падидаи шум ба намояндаи воломақоми Парлумони Аврупо ироа кард.

"Суҳбати доманадор пиромуни зарурати ҳамкориҳои босамари ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зимни мулоқот масоили марбут ба ширкати Парлумони Аврупо дар конфронси қарибулвуқуъ дар мавзуи "Мубориза алайҳи терроризм ва радикализм", ки баргузориаш 3-4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, низ баррасӣ шуданд.

Барчаспҳо:
масъала, терроризм, мулоқот, Аврупо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ