Андӯҳгин шудем: Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин изҳори ҳамдардӣ кард

Обуна шудан
"Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед",- омадааст дар барқияти таслияи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 7 марти — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Муҳтарам Владимир Владимирович, хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ, ки бар асари он хизматчиёни ҳарбии Русия ба ҳалокат расиданд, моро андӯҳгин намуд",- гуфта мешавад дар мактуби раисҷумҳур.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед, афзудааст кишвардори Тоҷикистон.

Пештар хабар дода шуд, ки чархболи яке аз сохторҳои қудратии Чеченистон дучори сонеҳа шуд.

"Дар ин сонеҳа ҳаддақалл 5 тан аз 9 сарнишини ин чархбол ҷон бохтаанд", — гуфта мешуд дар гузориши манбаъ.
Имдодрасонҳо ҳануз ба маҳалли афтодани чархбол нарасидаанд ва шумораи дақиқи кушташудагону осебдидагон ҳануз маълум нест.

Ин чархбол дар дараи Хангихой дар ноҳияи Итумқалъа бар замин афтодааст. Аммо ниҳодҳои расмӣ ҳануз ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0